Logo
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТӢ

Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ

Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум бо Корпоратсияи байналмилалии «REGAGRO» оид ба ҳамкорӣ дар самти рақамикунонии соҳаи чорводорӣ

Ҳамаи хабарҳо
Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум бо Корпоратсияи байналмилалии «REGAGRO» оид ба ҳамкорӣ дар самти рақамикунонии соҳаи чорводорӣ
29.10.2026

Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум бо Корпоратсияи байналмилалии «REGAGRO» оид ба ҳамкорӣ дар самти рақамикунонии соҳаи чорводорӣ

Санаи 29 октябри соли 2026 дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Асадуллозода И. - директори КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ” бо Байкеев Руслан Алимжанович - муовини директори генералии Корпоратсияи байналмилалии “REGAGRO” баргузор гардид. Дар вохурӣ инчунин роҳбарият ва кормандони масъули МҶ “Зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ”, КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”, Гурӯҳи техникии дастгирии кишоварзӣ, ҶДММ “Мармарӣ”, ТҶ “Нексигол Мушовир” ва дигар масъулон иштирок намуданд.

Вохӯрии мазкур бо мақсади таъмини иҷро ва амалисозии вазифаҳои “Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, №334 тасдиқ гардидааст, инчунин ҷиҳати тақвияти табодули рақамӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ роҳандозӣ шуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо ҷиҳати рушди фаъолияти рақамикунонӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, беҳтар намудани равандҳои идоракунӣ, баҳисобгирӣ ва таҳлили маълумот, дар якҷоягӣ гузаронидани омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи низоми мавҷудаи чорводорӣ, таҳияи муштараки Консепсияи рақамикунонии соҳаи чорводорӣ ва “Харитаи роҳ”, таъсиси низоми ягонаи миллии муайянсозӣ (идентификатсия/тамғагузорӣ), баҳисобгирии инфиродӣ ва пайгирипазирии ҳайвоноти кишоварзӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ, ҷорӣ намудани шиносномаи рақамии чорво (“REGAGRO e-Passport”), татбиқи технологияҳои муосири RFID ва дарвозаҳои ҳушманд мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.

Корпоратсияи “REGAGRO” солҳои зиёд дар бозори ҷаҳонӣ фаъолият дошта, айни замон бо зиёда аз 50 давлати дунё, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Ин корпоратсия яке аз пешсафони таҳия ва татбиқи системаҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва хадамоти байторӣ ба шумор рафта, ба эҷоди экосистемаи мукаммали рақамӣ ва назорати сифати маҳсулоти чорводорӣ бо усули “аз ферма то дастархон” машғул мебошад.

Дар анҷоми вохурӣ ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориро ба имзо расонида, оид ба барқарор намудан ва рушди ҳамкориҳои дарозмуддати судманди илмӣ-техникӣ дар самти рақамикунонии соҳаи чорводорӣ ба мувофиқа расиданд. Вохурӣ дар фазои созанда, ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмии комил сурат гирифт.

Галереяи аксҳо

Дигар хабарҳо