Рушди агробизнеси рақамӣ дар Тоҷикистон: самтҳои нави ҳамкорӣ бо платформаи «ZARZO»
Санаи 21 октябри соли 2026 дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Асадуллозода И. - директори КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ” бо роҳбарият ва намояндагони Платформаи Миллии Рақамии Агробизнеси “ZARZO” доир гардид.
Вохурии мазкур ҷиҳати амалисозии вазифаҳои “Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, №334 тасдиқ гардидааст, инчунин ҷиҳати татбиқи амалии қарорҳои инноватсионӣ, рушди экосистемаи рақамии бахши аграрӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ баргузор шуд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо ҷиҳати рушди фаъолияти рақамикунонӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, беҳтар намудани равандҳои идоракунӣ, баҳисобгирӣ ва таҳлили маълумот, муаррифии имкониятҳои платформаи “ZARZO”, самтҳои ҳамгироии он бо Системаи иттилоотии идоракунии кишоварзӣ (АМИС) тавассути қабати ягонаи мубодилаи маълумот (API), ташаккули “Шиносномаи рақамии лоиҳа” (Digital Passport) барои пешниҳод ба бонкҳо, ҷорӣ намудани модули “Агрокалкулятор” ҷиҳати банақшагирии дақиқи иқтисодиёти хоҷагиҳо, баҳодиҳии маҷмӯии хавфҳои иқлимию бозорӣ (Risk Score ва ZARZO Score) ва ба роҳ мондани мониторинги пайвастаи саҳроию моҳвораӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Платформаи “ZARZO” яке аз ташаббусҳои муосири бахши хусусӣ дар соҳаи агробизнес ба шумор рафта, гузариши тарҳҳои кишоварзиро аз марҳилаи ғоя ва ҳисоббаробаркунии иқтисодӣ то мониторинг, ҷалби маблағгузории қарзӣ ва пайвастшавӣ ба бозори фурӯш таъмин менамояд. Таъкид гардид, ки ҳамгироии системаҳои “АМИС” ва “ZARZO” имкон медиҳад, ки додаҳои моҳворавии Sentinel, иттилооти геофазоӣ (GIS), харитаҳои хокшиносӣ (DSMS) ва огоҳиномаҳои агрометеорологии давлатӣ бо ҳисоботи воқеии молиявӣ ва агрономии хоҷагиҳо муттаҳид гардида, барои ташкилотҳои молиявӣ, сармоягузорон ва мақомоти давлатӣ шаффофияти комил фароҳам оваранд ва такрори ҷамъоварии маълумотро аз байн баранд.
Дар анҷоми вохурӣ тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти рушди рақамикунонӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар соҳаи кишовразӣ баён дошта, изҳори боварӣ намуданд, ки тавсеаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ, дастгирии хоҷагидорон ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат заминаи боэътимод фароҳам хоҳад овард.
Галереяи аксҳо