Logo
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТӢ

Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ

Оғози марҳилаи озмоишии корҳои саҳроӣ ва ҷамъоварии маълумот дар доираи татбиқи Системаи иттилоотии идоракунии кишоварзӣ (АМИС)

Ҳамаи хабарҳо
Оғози марҳилаи озмоишии корҳои саҳроӣ ва ҷамъоварии маълумот дар доираи татбиқи Системаи иттилоотии идоракунии кишоварзӣ (АМИС)
24.10.2026

Оғози марҳилаи озмоишии корҳои саҳроӣ ва ҷамъоварии маълумот дар доираи татбиқи Системаи иттилоотии идоракунии кишоварзӣ (АМИС)

Санаи аз 13 то 17 октябри соли 2026 дар асоси дастури роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ - Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав ва Рӯдакӣ дар доираи татбиқи Системаи иттилоотии идоракунии кишоварзӣ (АМИС) марҳилаи озмоишии корҳои саҳроӣ ва ҷамъоварии маълумот оид ба заминҳои кишоварзӣ бомуваффақият гузаронида шуд. Дар корҳои саҳроӣ намояндаи минтақавии консорсиуми “Basarsoft & Noda JV”, намояндагони шарики техникии маҳаллии “IT-Service” ва аъзои Гурӯҳи техникии миллии дастгирии кишоварзӣ (Agriculture Technical Team - ATT)-и назди КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ” иштирок намуданд.

Корҳои саҳроии мазкур бо мақсади таъмини иҷрои “Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, №334 тасдиқ гардидааст, инчунин дар доираи татбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”-и МД “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мазкур, КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ” ва Гурӯҳи техникии миллии дастгирии кишоварзӣ роҳандозӣ гардид.

Дар рафти корҳои саҳроӣ масъалаҳо ҷиҳати санҷишу мутобиқсозии контурҳои қаблан кашидашудаи майдонҳои кишт, санҷиши амалии барномаи махсуси мобилии “AMIS Mobile”, сабти дақиқи координатҳои ҷуғрофӣ (GPS), аксбардорӣ ва ворид намудани маълумоти агрономӣ - намуди зироатҳо, ҳолати нашъунамо, таърихи кишту ҷамъоварии ҳосил бевосита дар қитъаҳо дар реҷаи вақти воқеӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор дода шуданд. Дар маҷмӯъ, ҷамъоварии маълумот аз тақрибан 2500 қитъаи замини кишоварзӣ ба нақша гирифта шуда, ин раванд ҳамзамон барои аъзои гурӯҳи техникии дастгирии кишоварзӣ ҳамчун омӯзиши амалии бозомӯзии мураббиён (Training of Trainers -ТоТ) хизмат намуд, то дар оянда тавонанд дигар мутахассисони маҳаллиро оид ба истифодаи барномаи мобилӣ ва тартиби дурусти ҷамъоварии додаҳо омода созанд.

Системаи иттилоотии идоракунии соҳаи кишоварзӣ (АМИС) яке аз барномаҳои калидӣ дар самти рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, ҷамъоварии саҳроии маълумоти воқеӣ (ground-truth) заминаи асосиро барои таълим ва санҷиши моделҳои зеҳни сунъӣ ва омӯзиши мошинӣ (AI/ML), мутобиқ намудани онҳо ба шароиту хусусиятҳои иқлимии Тоҷикистон ва санҷиши саҳеҳияти аксҳои моҳворавии Sentinel таъмин менамояд. Ин раванд имкон медиҳад, ки ҳамгироии иттилооти моҳворавӣ, харитаҳои геофазоӣ (GIS) ва маълумоти саҳроӣ таъмин гардида, қабули қарорҳои идоракунӣ дар сатҳи кишвар, вилоят, шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо дар асоси нишондиҳандаҳои воқеӣ ба роҳ монда шавад.

Гузаронидани ин санҷиши амалӣ имкон дод, ки раванди ҷамъоварии маълумот ва кори барнома дар шароити воқеии саҳро ҳамаҷониба санҷида шуда, эроду пешниҳодҳои техникӣ пеш аз оғози марҳилаи пурраи амалиётӣ ба назар гирифта шаванд. Тарафҳо изҳори итминон намуданд, ки ҷамъоварии саҳеҳи додаҳо ва ҳамкории судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар баланд бардоштани самаранокии соҳа, дастгирии кишоварзон ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Галереяи аксҳо

Дигар хабарҳо