Семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ ва муаррифии платформаҳои рақамӣ»
Санаи 24 октябри соли 2026 дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муаррифии татбиқи сиёсати давлатии соҳаи кишоварзӣ, омӯзиш ва маълумотноксозии ҷавонон ба истифодаи усулу технологияҳои нави муосир дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи: “Рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ ва муаррифии платформаҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ” бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ва Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи “Ҷалб намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифода намудани технологияи кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷираҳои арзиши маҳсулот” баргузор гардид.
Дар кори семинар-машварати омӯзишии мазкур роҳбарият ва намояндагони масъули Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Гурӯҳи дастгирии техникии кишоварзӣ, ТҶ “Нексигол Мушовир”, ТҶ “Муносибатҳои иқтисодии тиҷорати миёнмарзӣ”, Кооперативи “Сароб” ва намояндагии Каритас Швейтсария дар Тоҷикистон, бахши хусусӣ, мутахассисону намояндагони соҳа ва зиёда аз 70 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар семинар масъалаҳои марбут ба ташаккул ва рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои рушди технологияҳои рақамӣ, ҷорӣ намудани низомҳои иттилоотии соҳавӣ ва муаррифии платформаҳои рақамӣ дар соҳа, баланд бардоштани сатҳи дониши рақамӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.
Илова бар ин, тибқи барнома масъалаҳои рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи кунунӣ ва дурнамои татбиқи Системаи иттилоотии идоракунии соҳаи кишоварзӣ (АМИС), инчунин лоиҳаҳои харитаи рақамии кишоварзӣ, низоми рақамии мониторинг ва таҳлили нархҳо, чатбот барои кишоварзон ва барномаи мобилии “Agroinform.TJ”, имкониятҳои барномаи мобилии “Дафтари деҳқон” дар самти баҳисобгирии рақамии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, платформаи рақамии “eAgronom.tj” ва платформаи иттилоотии “kiosk.tj” бо хизматрасониҳои рақамии он, инчунин технологияҳои инноватсионии истеҳсоли биогаз ва бионурӣ тавассути рунамоҳо ва баромадҳои намояндагони масъул муаррифӣ гардида, машғулиятҳои амалӣ бо иштирокчиён гузаронида шуданд.
Дар маҷмуъ баргузории семинар-машварати омӯзишии мазкур ҳамчун чорабинии муҳими соҳавӣ арзёбӣ гардида, барои таҳкими ҳамкориҳо, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, муаррифӣ ва истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба густариши ҳамкориҳои байни сохторҳои давлатӣ, ҷавонон, бахши хусусӣ ва шарикони рушд дар самти рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ мусоидат хоҳад намуд.
Галереяи аксҳо