Logo
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТӢ

Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ

Баррасии раванди татбиқи низоми иттилоотии киоскҳои рақамии кишоварзӣ «kiosk.tj»

Ҳамаи хабарҳо
Баррасии раванди татбиқи низоми иттилоотии киоскҳои рақамии кишоварзӣ «kiosk.tj»
14.10.2026

Баррасии раванди татбиқи низоми иттилоотии киоскҳои рақамии кишоварзӣ «kiosk.tj»

Санаи 14 октябри соли 2026 дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Асадуллозода И. - директори КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ” бо намояндагони Ташкилоти байналмилалии «Каритас Швейтсария» дар Тоҷикистон (Caritas Switzerland in Tajikistan) доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо ҷиҳати рушди фаъолияти рақамикунонӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, беҳтар намудани равандҳои идоракунӣ, баҳисобгирӣ ва таҳлили маълумот, супоридани ҳуҷҷатҳои техникӣ ва ба истифода додани Низоми иттилоотии киоскҳои рақамии кишоварзӣ («kiosk.tj»), рафти насбу васлкунии 54 адад киоскҳои рақамии кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, таъмини онҳо бо пайвасти интернетии бесими мобилӣ (SIM-кортҳо), тасдиқи ҷадвали баргузории омӯзишҳо дар 54 мавзеъ ва ҷамоатҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Низоми иттилоотии киоскҳои рақамии кишоварзӣ «kiosk.tj» яке аз ташаббусҳои муҳими рақамӣ дар соҳа ба ҳисоб рафта, тавассути компютерҳои сенсорӣ (touchscreen all-in-one) дар сатҳи ҷамоатҳо ва шакли веб-портал хизматрасониҳои рақамиро мустақиман ба деҳқонон пешниҳод менамояд. Фаъолияти асосии низоми мазкур ба дастрасии фаврии кишоварзон ба маълумоти агрометеорологӣ, пешгӯии 5-рӯзаи обу ҳаво, баҳодиҳии омодагии ҳарорати хок барои кишти зироатҳо, огоҳиномаҳои саривақтӣ оид ба сардиҳову гармии шадид ва пешниҳоди тавсияҳои мушаххаси агрономӣ, инчунин фаъолияти бозори рақамии маҳсулоти кишоварзӣ (Marketplace) асос ёфтааст.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳия ва амалисозии нақшаи муштараки саҳроӣ ҷиҳати насби пурраи таҷҳизот, баргузории омӯзишҳо барои масъулони маҳаллӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами киоскҳои рақамии кишоварзӣ ба мувофиқа расиданд.

Галереяи аксҳо

Дигар хабарҳо