Имзои ёддошти ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ ва рушди инноватсионии соҳаи кишоварзӣ
Санаи 1 октябри соли 2026 дар доираи Форуми байналмилалии “TAJ-TECH 2026” дар бинои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Меморандуми ҳамкорӣ байни КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Гурӯҳи идоракунии дороиҳои стратегии Чин” (China Strategic Asset Management Group) баргузор гардид.
Ҳадаф аз ба имзо расонидани санади мазкур ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкориҳои дарозмуддати мутақобилан судманд дар соҳаи рақамикунонӣ, рушди инноватсионӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ба бахши кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тибқи муқаррароти Меморандум, тарафҳо ҷиҳати амалисозии лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии пойгоҳи заминии қабули додаҳои моҳворавӣ ва Маркази коркарди додаҳо (ЦОД) дар шаҳри Душанбе барои қабул ва коркарди маълумоти моҳвораҳои радарӣ (SAR), истифодаи агродронҳо дар ҳифзи наботот ва кишоварзии дақиқ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва идоракунии гармхонаҳои саноатии ҳушманд, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамии назорат дар соҳаи чорводорӣ бо истифода аз дастгоҳҳои сенсорӣ ва низоми навигатсионии “BeiDou”, татбиқи технологияҳои кишоварзии физикӣ, инчунин омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ дар самти истифодаи дронҳо ва технологияҳои геоинформатсионӣ ба мувофиқа расиданд.
Ҳамзамон, дар доираи ҳамкориҳо масъалаҳои ҳифзи амнияти иттилоотӣ, таъмини соҳибихтиёрии миллии додаҳои рақамии соҳаи кишоварзӣ, таҳияи “Харитаи роҳ” оид ба марҳилаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва омӯзиши имкониятҳои ҷалби сармоягузориву грантҳо пешбинӣ гардидаанд.
Тарафҳо изҳори итминон намуданд, ки ба имзо расидани ин Меморандум заминаи боэътимодро барои татбиқи амалии тарҳҳои инноватсионӣ, ворид намудани технологияҳои пешрафта, баланд бардоштани иқтидори кадрӣ ва таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад.
Галереяи аксҳо