Ҳамкорӣ бо ФАО дар самти рақамикунонӣ ва рушди инфрасохтори рақамии кишоварзӣ
Санаи 30 сентябри соли 2026 дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Асадуллозода И. - директори КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ” бо Меҳмет Эрдӯғду - мушовири байналмилалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) оид ба татбиқи низомҳои иттилоотӣ ва Тахмина Икромова - мушовири Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи кории техникӣ баргузор гардид.
Вохӯрӣ бо мақсади иҷро ва амалисозии “Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, №334 тасдиқ гардидааст, инчунин дар доираи татбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди инфрасохтори рақамӣ ва баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, ташкил ва гузаронидани силсилаи тренингҳову давраҳои омӯзишӣ барои кормандони Марказ, мутахассисони соҳавии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои гурӯҳи кории техникӣ, ки бевосита дар занҷираи рақамикунонӣ ва пешбурди низом масъуланд, табодули назар сурат гирифт.
Ҳамзамон, масъалаи ташкили сафари омӯзишӣ (study tour) ба хориҷи кишвар бо мақсади омӯхтани таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар самти фаъолияти маркази коркарди додаҳо (Data Center), маъмурикунонии серверҳо, амнияти иттилоотӣ ва татбиқи амалии системаи АМИС ҳамаҷониба муҳокима гардид.
Дар анҷоми мулоқот тарафҳо оид ба таҳияи нақшаи муштараки баргузории тренингҳо ва идомаи ҳамкориҳои судманд дар самти рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ ба мувофиқа расида, омодагии худро баҳри густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти ҷорӣ намудани Системаи иттилоотии идоракунии кишоварзӣ (АМИС) баён доштанд.
Галереяи аксҳо