Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин дар самти рақамикунонӣ ва технологияҳои кишоварзӣ
Санаи 29 сентябри соли 2026 дар асоси дастури роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Асадуллозода И. - директори КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ” бо Лю Цайбо - раиси Шӯрои директорони Гурӯҳи идоракунии дороиҳои стратегии Чин (China Strategic Asset Management Group), Ву Гочэн - президенти гурӯҳи мазкур, Лю Ди - ноиби президенти гурӯҳи мазкур ва Си Вэй - ноиби президенти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди рушди технологияҳои кишоварзии «Бейҷинг Полар Стар» (Beijing Polar Star Agricultural Technology Development Co., Ltd.) аз Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар самтҳои ҷорӣ намудани технологияҳои муосири кишоварзӣ, рақамикунонӣ, инноватсия, истифодаи дастовардҳои илмӣ ва навовариҳои технологӣ, мониторинги кайҳонии заминҳо ва захираҳои об, истифодаи авиатсияи бесарнишин (агродронҳо), бунёди гармхонаҳои саноатии ҳушманд, ҷорӣ намудани технологияҳои физикӣ ва низомҳои рақамии идоракунии соҳаи чорводорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар рафти вохӯрӣ намояндагони ҳайати Чин фаъолияти ширкатҳо ва тарҳҳои пешниҳодшавандаро муаррифӣ намуда, доир ба таҷрибаи корӣ дар самти зондикунонии масофавии кайҳонӣ тавассути моҳвораҳои радарӣ (SAR) ва сохтмони пойгоҳи қабули заминӣ ва маркази коркарди додаҳо дар шаҳри Душанбе, истифодаи агродронҳо барои ҳифзи наботот ва мониторинги киштзорҳо, лоиҳакашӣ ва идоракунии гармхонаҳои муосири интеллектуалӣ, татбиқи чипҳои сенсорӣ ва низоми навигатсионии “BeiDou” барои назорати чорво, инчунин технологияҳои мавҷии кишоварзии физикӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва беҳтар кардани ҳолати замин маълумот пешниҳод намуданд. Таъкид гардид, ки сохторҳои мазкур дар татбиқи қарорҳои пешрафтаи технологӣ ва рушди низоми устувори аграрӣ таҷрибаи назаррас дошта, омодаанд дар доираи ҳамкориҳои муштарак ин таҷриба ва технологияҳои инноватсиониро бо ҷониби Тоҷикистон мубодила ва татбиқ намоянд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истифодаи системаҳои муосири мониторинг ва идоракунии равандҳои истеҳсолӣ, ҳамгироии маълумотҳои кайҳонӣ ва дронҳо бо Системаи иттилоотии идоракунии кишоварзӣ (АМИС), таъмини амният ва соҳибихтиёрии миллии додаҳо, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, имкониятҳои амалисозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, рушди иқтидори кадрӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ барои операторони дронҳо ва мутахассисони соҳа, семинару тренингҳои тахассусӣ ва мубодилаи таҷрибаи пешқадамро муҳокима карданд.
Дар анҷоми мулоқот бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, рушди робитаҳои касбӣ ва илмӣ, табодули таҷриба, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҷонибҳо ҷиҳати ба имзо расонидани Меморандуми ҳамкорӣ ва таҳияи нақшаи амал оид ба татбиқи тарҳҳои озмоишӣ (пилотӣ) ба мувофиқа расиданд.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи ташаббусҳои мазкур дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, ворид намудани технологияҳои пешрафта, рушди рақамикунонӣ ва инноватсия, баланд бардоштани иқтидори кадрӣ ва таъмини рушди устувор заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Галереяи аксҳо