Вохӯрӣ бо намояндагони Чин оид ба рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва агротехнологӣ
Санаи 29 сентябри соли 2026 дар доираи баргузории Форуми байналмилалии «TAJ-TECH 2026» дар мавзӯи “Ояндаи рақамӣ: инноватсия, эътимод ва рушди устувор” вохӯрии муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо намояндагони сохторҳои бонуфузи сармоягузорӣ ва агротехнологии Ҷумҳурии Мардумии Чин — Лю Цайбо - раиси Шӯрои директорони Гурӯҳи идоракунии дороиҳои стратегии Чин (China Strategic Asset Management Group), Ву Гочэн - президенти гурӯҳи мазкур, Лю Ди - ноиби президенти гурӯҳ ва Си Вэй - ноиби президенти ширкати «Бейҷинг Полар Стар» (Beijing Polar Star Agricultural Technology Development Co., Ltd. / HortiPolaris) доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо ҷиҳати рушди фаъолияти рақамикунонӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, беҳтар намудани равандҳои идоракунӣ, баҳисобгирӣ ва таҳлили маълумот, истифодаи дастовардҳои кайҳонӣ ва моҳвораҳои радарӣ (SAR), авиатсияи бесарнишин (агродронҳо), бунёди гармхонаҳои саноатии ҳушманд, ҷорӣ намудани сенсорҳои интеллектуалӣ дар соҳаи чорводорӣ ва технологияҳои физикӣ дар зироаткорӣ, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъдаи сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сохторҳои мазкури Чин аз ҷумлаи пешсафони татбиқи қарорҳои муосири технологӣ ва инноватсионӣ дар бахши аграрӣ ба ҳисоб мераванд. Фаъолияти асосии онҳо ба зондикунонии масофавии кайҳонӣ барои мониторинги захираҳои обу замин ва пешгӯии ҳосилнокӣ, лоиҳакашӣ ва идоракунии гармхонаҳои баландиқтидори автоматӣ (модели EPC+O), истеҳсоли дронҳои соҳавии ҳифзи наботот ва таҳияи чипҳои каммасрафи IoT дар заминаи навигатсионии “BeiDou” асос ёфтааст. Дар ҷараёни мулоқот ҷониби Чин омодагии худро ҷиҳати табодули таҷрибаи пешқадам, омодасозии кадрҳои соҳавӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки озмоишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт.
Галереяи аксҳо