Ҷаласаи гурӯҳи кории техникӣ дар доираи лоиҳаи рушди технологияҳои кишоварзӣ
Санаи 28 сентябри соли 2026 дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони масъули Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, инчунин намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон (WFP), Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (KOICA), Ташкилоти “Каритас”, Кооперативи “Сароб”, Ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф”, Ташкилоти “Агроолам”, Ташкилоти “Ҷовид”, Ташкилоти Агроаксияи Олмон “WHH”, Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Ҳунар ва шукуфоӣ”, Ташкилоти “GNT” ва дигар намояндагони бахши хусусӣ ҷаласаи дахлдори гуруҳи кории техникӣ дар доираи лоиҳаи “Ҷалб намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифода намудани технологияи кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷираҳои арзиши маҳсулот” баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳо ҷиҳати муаррифии фаъолияти лоиҳа дар ВМКБ (интихоб ва бунёди майдончаҳои намоиши ва рафти омӯзишҳо), муаррифии консепсия ва барномаи Конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ “Digital AgriExpo Tajikistan-2026”, муҳокимаи тағйиру иловаҳо оид ба баргузор намудани “Лагери инноватсионӣ”, рафти татбиқи фаъолияти лоиҳа ва инчунин муаррифии платформаи омӯзишии рақамии eagronom.tj тариқи рӯнамоҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд,
Инчунин, зимни нишаст масъалаҳои мубрами лоиҳа, ҷараёни иҷрои фаъолиятҳои ба нақша гирифташуда ва дастовардҳои шарикони рушд мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа аз тарафи аъзоëни гурӯҳи кории техникӣ хулосаи нуқтаҳои амал, нақшаи баргузории ҷаласаи навбатии гуруҳи кории техникӣ ва қадамҳои минбаъда ҷиҳати густариши ҳамкориҳо муайян карда шуданд.
Ҷаласаи гурӯҳи кории техникӣ дар фазои созанда ва мубодилаи озоди афкор анҷом ёфта, дар ҷамъбаст натиҷаҳои муҳокимаҳо, қарорҳои қабулшуда, нуқтаҳои амалии ҷаласаи навбатӣ ва қадамҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи самараноки фаъолиятҳои пешбинишуда мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор гирифтанд.
Галереяи аксҳо