Logo
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТӢ

Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ

Қадамҳои нав дар самти рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар соҳаи кишоварзӣ

Ҳамаи хабарҳо
Қадамҳои нав дар самти рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар соҳаи кишоварзӣ
28.08.2026

Қадамҳои нав дар самти рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар соҳаи кишоварзӣ

Санаи 28 августи соли 2026 дар асоси дастури Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Асадуллозода И. – директори КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”, Гуруҳи техникии дастгирии кишоварзӣ ва кормандони ниҳод бо роҳбарият ва намояндагони экосистемаи ширкатҳои технологӣ Темур Назаров – ноиби президент ва директори амалиётии ширкати “zypl.ai”, Масрур Назарӣ – муовини раиси шӯрои зеҳни сунъӣ дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъули лоиҳаҳои бахши давлатӣ, аз ҷумла “Epsilon”, Бону Бобоева – директори ҶДММ “Зеҳн”, “zehnlab.ai” ва Шуҳрат Неъматов – директори ҶДММ “Қуллаи инноватсия”, “Qulla.AI” оид ба масъалаҳои ташаккул, рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар самти рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ, аз ҷумла татбиқи системаҳои бесарнишини парвозкунанда (агродронҳо) ва коркарди маълумоти синтетикӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Қайд гардид, ки экосистемаи ширкатҳои мазкур яке аз сохторҳои пешқадами технологӣ ба шумор рафта, қарорҳоро дар заминаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои амиқ (deep technologies) барои тиҷорат ва ташкилотҳои давлатӣ коркард ва ҷорӣ менамояд. Ин сохтор ба заминаи пурқуввати илмӣ такя намуда, бо донишгоҳҳои пешқадам, марказҳои тадқиқотии байналмилалӣ, сохторҳои давлатӣ ва мизоҷони корпоративӣ ҳамкории зич дорад. Он ба сохторҳои соҳавӣ барои истифодаи сенсорҳо, маълумоти моҳвораӣ, системаҳои геоинформатсионӣ (ГИС), зондкунонии фосилавии замин, датчикҳои ашёи интернетӣ (IoT) ва идоракунии маълумот ҷиҳати ҳалли вазифаҳои амалӣ кумак мерасонад.

Дар рафти муаррифӣ таҷрибаи тарафҳо дар самтҳои муҳим, аз қабили рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаи кишоварзӣ, мониторинги майдонҳои кишт тавассути агродронҳо, дорупошии дақиқи автоматӣ, кишоварзии дақиқ ва ҳушманд (precision and smart agriculture), назорати ҳолати нашъунамои зироатҳо, пешгӯии ҳосилнокӣ ва коҳиш додани партовҳои карбон тавассути рӯнамоҳо намоиш дода шуд.

Вохӯрӣ дар фазои созанда, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром баргузор шуда, пас аз муаррифии платформаҳои рақамӣ аз ҷониби тарафҳо саволу пешниҳодҳо ва маълумоти мукаммал манзур гардид. Дар маҷмӯъ, ҷонибҳо ба лоиҳаҳои пешниҳодшуда баҳои баланд доданд ва омодагии худро барои ба роҳ мондани алоқаю ҳамкории зич, идомаи гуфтугӯ ва таҳияи нақшаи муштараки ҳамкорӣ “Харитаи роҳ” баён намуданд.

Zypl.ai

 

Галереяи аксҳо

Дигар хабарҳо