Ҷаласаи гурӯҳи кории техникӣ дар доираи лоиҳаи ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ
Санаи 25 августи соли 2026 дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони масъули Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, инчунин намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон (WFP), Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (KOICA), Ташкилоти “Каритас”, Кооперативи “Сароб”, Ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф”, Ташкилоти “Агроолам”, Ташкилоти “Ҷовид”, Ташкилоти Олмонии “WHH”, Ташкилоти “GNT” ва дигар намояндагони бахши хусусӣ ҷаласаи дахлдори гуруҳи кории техникӣ дар доираи лоиҳаи “Ҷалб намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифода намудани технологияи кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷираҳои арзиши маҳсулот” баргузор гардид.
Дар ҷаласа бо мақсади иҷрои Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, №334 тасдиқ шудааст, масъалаҳои ба таври васеъ ҷорӣ намудани хизматрасониҳои рақамӣ дар деҳоти дурдаст, механизмҳои супоридани киоскҳои рақамии кишоварзӣ ва тарзи фаъолияти онҳо дар шаҳру ноҳияҳои зерҳадаф, мувофиқа намудани равиши ягона барои устуворӣ ва фаъолияти доимии киоскҳои рақамии кишоварзӣ, омодагӣ ва рафти корҳо дар самти баргузории Конференсияи миллӣ ва намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ “Digital AgriExpo Tajikistan-2026”, ки моҳи декабри соли ҷорӣ баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Инчунин, оид ба тренингҳои омӯзишии дар минтақаҳо баргузоршаванда аз ҷониби менеҷер ва шарикони лоиҳа маълумот пешниҳод гардида, ҷараёни иҷрои фаъолиятҳо, натиҷаҳои бадастомада ва нақшаҳои минбаъда муаррифӣ карда шуданд. Дар ҷамъбасти ҷаласа хулосаи нуқтаҳои амали нақшаи ҷаласаи навбатии гуруҳи кории техникӣ ва қадамҳои минбаъда матраҳ гардид.
Ҷаласаи гуруҳи кории техникӣ дар фазои созанда ва муҳокимаи кушод анҷом ёфта, дар қисмати ҷамъбастӣ иштирокчиён ва коршиносон фикру мулоҳизаҳои худро оид ба муаррифии онлайн платформаҳо, ташкили киоскҳои рақамии кишоварзӣ баён намуда, омодагии худро ҷиҳати ҳамкории зич таъкид карданд.
Галереяи аксҳо