Ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳа оид ба ҷорӣ намудани киоскҳои рақамии кишоварзӣ
Санаи 7 августи соли 2026 дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Н. Анварӣ - муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саймон Холлем - директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва намояндагони масъули Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон (WFP), Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (KOICA), Ташкилоти “Каритас”, Кооперативи “Сароб” ва дигар намояндагони бахши хусусӣ ҷаласаи ғайринавбатии кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи “Ҷалб намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифода намудани технологияи кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷираҳои арзиши маҳсулот” баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ғайринавбатии кумитаи роҳбарикунанда масъалаҳо вобаста ба пешрафт дар татбиқи консепсияи насби киоскҳои рақамии кишоварзӣ барои паҳн кардани химатрасониҳо дар соҳаи кишоварзӣ, мувофиқа намудани равиши ягона барои устуворӣ ва фаъолияти доимии киоскҳои рақамии кишоварзӣ, муаррифии интерфейс (шакли зоҳирӣ) ва мундариҷаи киоскҳои рақамии кишоварзӣ, принсипи кори система, хизматрасониҳо, имконияту афзалиятҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷаласаи ғайринавбатии кумитаи роҳбарикунанда дар фазои созанда ва муҳокимаи кушод анҷом ёфта, дар қисмати ҷамъбастӣ иштирокчиён ва коршиносон фикру мулоҳизаҳои худро оид ба масъалаҳои татбиқи консепсияи насби киоскҳои рақамии кишоварзӣ барои паҳн кардани химатрасониҳо дар соҳаи кишоварзӣ, равиши ягона барои устуворӣ ва фаъолияти доимии онҳо баён намуда, омодагии худро ҷиҳати ҳамкории зич таъкид карданд.
Галереяи аксҳо