Баррасии истифодаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ барои рушди соҳибкории ҷавонон дар соҳаи кишоварзӣ
Санаи 30 июли соли
2026 дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси
кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки
намояндагони масъули Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои
дахлдор, КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои
соҳаи кишоварзӣ”, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии
Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, инчунин намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ
дар Тоҷикистон (WFP), Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар
Тоҷикистон (KOICA), Ташкилоти “Каритас”, Кооперативи “Сароб”, Ташкилоти
ҷамъиятии “Пешсаф”, Ташкилоти “Агроолам”, Ташкилоти “Ҷовид”, Ташкилоти Олмонии
“WHH”, Ташкилоти “GNT”, ТҶ "Бонувони Хатлон" ва дигар намояндагони
бахши хусусӣ ҷаласаи дахлдори гуруҳи кории техникӣ дар доираи лоиҳаи “Ҷалб
намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифода намудани
технологияи кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷираҳои
арзиши маҳсулот” баргузор гардид.
Дар ҷаласа
масъалаҳо ҷиҳати муаррифии Консепсия барои ташкили лагери инноватсионӣ,
муаррифии онлайн платформа барои дархости грантӣ, муаррифии интерфейс (шакли
зоҳирӣ) ва мундариҷаи платформаи таълими электронӣ аз тарафи менеҷери лоиҳаи
Сароб тавассути рӯнамои видеоӣ муфассал ба ҳозирин пешкаш гардид. Бо мақсади
баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва тавонмандсозии ҷавонон дар самти соҳибкорӣ,
ташкили лагерҳои омӯзишӣ ва киоскҳои рақамии кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои
зерҳадаф пешбинӣ мегардад. Дар доираи онҳо ҷавонон бо механизмҳои дастрасӣ ба
грантҳо, тартиби таҳияи лоиҳаҳои соҳибкорӣ, омодасозӣ ва пешниҳоди дархостҳои
грантӣ шинос гардида, малакаҳои заруриро барои таъсис ва рушди фаъолияти
соҳибкорӣ соҳиб мешаванд.
Инчунин, оид ба
тренингҳои омӯзишии дар минтақаҳо баргузоршаванда аз ҷониби менеҷер ва шарикони
лоиҳа маълумот пешниҳод гардида, ҷараёни иҷрои фаъолиятҳо, натиҷаҳои
бадастомада ва нақшаҳои минбаъда муаррифӣ карда шуданд. Дар ҷамъбасти ҷаласа
хулосаи нуқтаҳои амали нақшаи ҷаласаи навбатии гуруҳи кории техникӣ ва қадамҳои
минбаъда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷаласаи гуруҳи
кории техникӣ дар фазои созанда ва муҳокимаи кушод анҷом ёфта, дар қисмати
ҷамъбастӣ иштирокчиён ва коршиносон фикру мулоҳизаҳои худро оид ба муаррифии
онлайн платформаҳо, ташкили лагери инноватсионӣ ва киоскҳои рақамии кишоварзӣ
баён намуда, омодагии худро ҷиҳати ҳамкории зич таъкид карданд.
Галереяи аксҳо