Logo
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТӢ

Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ

Вохӯрӣ бо намояндагони GIZ оид ба рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ

Ҳамаи хабарҳо
Вохӯрӣ бо намояндагони GIZ оид ба рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ
16.07.2026

Вохӯрӣ бо намояндагони GIZ оид ба рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ

Санаи 16 июли соли 2026 дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Асадуллозода И. - директори КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ” бо роҳбарият ва намояндагони Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit – GIZ) баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истифодаи системаҳои муосири рақамикунӣ ва идоракунии равандҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва таҷрибаи пешқадам, аз ҷумла оид ба ташаккул ва ҷорӣ намудани Платформаи рақамии “Агродониш” дар системаи Вазорати кишоварзӣ, ки ин платформаи муосири рақамӣ барои нигоҳдорӣ, системасозӣ, мубодилаи иттилооти муосир, дастрасӣ ба навовариҳо, рушди илм ва гирифтани тавсияҳою маълумоти дахлдор таҳия гардида истодааст, муҳокима намудаанд.

Инчунин, масъалаи рушди платформаҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳамгироии онҳоро, (аз ҷумла чатбот, харитаи кишоварзӣ, маълумоти нарху наво ва дафтари деҳқон) ба як низоми ягона, ҷамъоварӣ ва муттаҳидсозии онҳоро дар доираи платформаи миллии ягонаи иттилоотии кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода, қайд намуданд, ки чунин иқдом ба беҳтар гардидани идоракунии маълумот, дастрасии истифодабарандагон ба барномаю платформаҳои рақамӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳа мусоидат хоҳад намуд.

Вохӯрӣ дар фазои созанда, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром баргузор шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои ба роҳ мондани алоқаю ҳамкории зич, кумаку дастгирӣ, идомаи гуфтугӯ ва таҳияи нақшаи муштараки ҳамкорӣ баён намуданд.

Галереяи аксҳо

Дигар хабарҳо