Logo
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТӢ

Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ

Вохӯрии роҳбарияти Маркази рақамикунонӣ бо намояндагони тиҷорати Эрон дар соҳаи кишоварзӣ

Ҳамаи хабарҳо
Вохӯрии роҳбарияти Маркази рақамикунонӣ бо намояндагони тиҷорати Эрон дар соҳаи кишоварзӣ
07.07.2026

Вохӯрии роҳбарияти Маркази рақамикунонӣ бо намояндагони тиҷорати Эрон дар соҳаи кишоварзӣ

Санаи 6 июли соли 2026 дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Асадуллозода И. - директори КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ” бо намояндаи тичорати Сафорати Чумҳурии Исломии Эрон дар Точикистон Муҳаммад Али Амирфахриён ва фаъолони бахши хусусии Эрон дар соҳаи кишоварзӣ Хонум Париса Чаъфарӣ ва Хусейн Бахшӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ, дар самтҳои инноватсия, илм, баланд бардоштани савияи донишу малакаи кадрҳои соҳаи кишоварзӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос баррасии платформаҳои рақамӣ, ҷорӣ ва паҳн намудани платформаҳои омӯзишӣ, дар якҷоягӣ гузаронидани семинару тренингҳо ва омӯзишу таҷрибаи муосир ва ташкили вохуриҳои даврӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вохӯрӣ дар фазои созанда, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром баргузор шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи гуфтугӯ ва таҳияи нақшаи муштараки ҳамкорӣ баён намуданд. 

Галереяи аксҳо

Дигар хабарҳо