Logo
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТӢ

Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ

Муаррифии киоски рақамӣ ва платформаҳои нав барои деҳқонони хурд дар Тоҷикистон

Ҳамаи хабарҳо
Муаррифии киоски рақамӣ ва платформаҳои нав барои деҳқонони хурд дар Тоҷикистон
30.06.2026

Муаррифии киоски рақамӣ ва платформаҳои нав барои деҳқонони хурд дар Тоҷикистон

Санаи 30 июни соли 2026 дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони масъули Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор, КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, инчунин намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Ташкилоти “Каритас”, Кооперативи “Сароб”, Ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф”, Ташкилоти “Агроолам”, Ташкилоти “Ҷовид”, Ташкилоти Олмонии “WHH”, Ташкилоти “GNT” ва дигар намояндагони бахши хусусӣ ҷаласаи дахлдори гуруҳи кории техникӣ дар доираи лоиҳаи “Ҷалб намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавасути истифода намудани технологияи кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷираҳои арзиши маҳсулот” баргузор гардид.

 Дар ҷаласа масъалаҳо ҷиҳати муаррифии такмили киоскҳои рақамӣ ва иттилооти огоҳкунии барвақтӣ, муаррифии истифодаи платформаҳои рақамӣ ва модул оид ба рақамикунонӣ, муаррифии нақшаи майдони намоишӣ дар сатҳи миллӣ, муҳокимаи модулҳои пешниҳодгашта, беҳтар кардани амнияти ғизоӣ дар байни ҷавонони деҳқонони хурдтаъминкунанда, таъмини дастрасии баробар ба дониш, навоварӣ ва муҳити устувори тиҷоратӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, ки амнияти ғизоӣ ва ғизоро беҳтар мегардонад ва қадамҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 Ҷаласаи гуруҳи кории техникӣ дар фазои созанда ва муҳокимаи кушод анҷом ёфта, дар қисмати ҷамъбастӣ иштирокчиён ва коршиносон фикру мулоҳизаҳои худро оид ба модулҳои таҳиякардаи шарикон баён намуданд ва омодагии худро ҷиҳати ҳамкории зич дар ин самт таъкид карданд.

Галереяи аксҳо

Дигар хабарҳо