Logo
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТӢ

Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ

Қадами устувор ба сӯи рақамикунонии соҳа: Муаррифии платформаи «АМИС»

Ҳамаи хабарҳо
Қадами устувор ба сӯи рақамикунонии соҳа: Муаррифии платформаи «АМИС»
19.06.2026

Қадами устувор ба сӯи рақамикунонии соҳа: Муаррифии платформаи «АМИС»

Санаи 19 июни соли 2026 дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Н. Анварӣ - муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони масъули Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносӣ, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, МД “Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ, МД “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, Институти лоиҳакашию тадқиқотии “Фазо”, КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ, Бонкӣ Ҷаҳонӣ, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) дар Тоҷикистон ва ширкати Basarsoft & Noda” ҷаласаи корӣ оид ба муаррифии Системаи идоракунии иттилоотии кишоварзӣ АМИС”, ки дар доираи амалисозии зеркомпоненти 3.1. Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ, ки таҳияи системаи мазкур аз ҷониби ширкати Basarsoft & Noda дар доираи қарордод оғоз гардидааст, доир гардид.

Дар рафти ҷаласаи корӣ консепсия, вазифаҳо ва функсияҳои асосии системаи идоракунии иттилоотии кишоварзӣ (АМИС) тавассути рӯнамо муаррифӣ карда шуданд. Ин платформаи муосири рақамӣ барои автоматикунонии соҳа, нигоҳдории мутамаркази маълумотҳо, системасозии иттилоот ва мубодилаи фаврии маълумоти муосир хизмат хоҳад кард. Масъалаи мазкур дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъсиси заминаи ягонаи технологӣ муҳим арзёбӣ шуда, ҳамоҳангсозии фаъолиятро ҷиҳати суръатбахшии ба рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ ва анҷом додани иқдомҳои минбаъдаи соҳавӣ талаб менамояд.

Татбиқи АМИС ба кишоварзон ва мутахассисон дастрасии осонро ба инноватсияҳо, дастовардҳои илмии кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи оқилонаи зеҳни сунъӣ, пешгӯии ҳосилнокӣ, таъмин намуда, барои баланд бардоштани устувории соҳа ва рушди устувори илми кишоварзӣ дар Тоҷикистон заминаи мустаҳкам мегузорад.

Суратгузориш аз рафти ҷаласаи корӣ.

Галереяи аксҳо

Дигар хабарҳо