Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"
Ҳамаи хабарҳо
News

Баргузории семинар-машварати омӯзишӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур

2026-06-10

Санаи 10 июни соли 2026 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ҷиҳати роҳандозӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муаррифии татбиқи сиёсати давлатии соҳаи кишоварзӣ, омӯзиш ва маълумотноксозии ҷавонон ба истифодаи усулу технологияҳои нави муосир ва такмили ихтисоси касбӣ семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи: “Рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи платформаи минтақавии AgroSpace барои гирифтани машваратҳои рақамӣ, муаррифӣ ва истифодабарии барномаҳои мобилии Agroinform.TJ ва технологияи биогазу бионурӣ бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ва Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи Ҷалб намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифода намудани технологияи кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷираҳои арзиши маҳсулот” баргузор гардид.

Дар кори семинар-машварати мазкур роҳбарият ва намояндагони масъули Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ, ТҶ “Нексигол Мушовир”, бахши хусусӣ, мутахассисону намояндагони соҳа ва зиёда аз 100 нафар олимони ҷавон ва донишҷӯёни соҳа иштирок намуданд.

Дар семинар масъалаҳо оид ба ташаккул ва рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои рақамикунонии соҳавӣ, инноватсия, мубодилаи таҷриба ва амалияи пешқадам, истифодабарии агродронҳо дар соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани савияи донишу малакаи кадрҳо ва таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти давлатию бахши хусусӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

Илова бар ин, тибқи барнома муаррифии лоиҳаҳои харитаи рақамии кишоварзӣ, низоми рақамии мониторинг ва таҳлили нархҳо, чатбот барои кишоварзон ва барномаҳои мобилии Agroinform.TJ”, имкониятҳои платформаи минтақавии рақамии AgroSpace, HOSIL.TJ ва технологияи инноватсионии истеҳсоли биогаз ва бионурӣ аз ҷониби роҳбарият ва намояндагони масъули КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ва ТҶ “Нексигол Мушовир” тавассути рунамоҳо ва баромадҳо манзури ҳозирин гардонида шуда, машғулиятҳои амалӣ бо иштирокчиён гузаронида шуданд.

Дар маҷмуъ баргузории семинар-машварати омӯзишии мазкур ҳамчун чорабинии муҳими соҳавӣ арзёбӣ гардида, барои таҳкими ҳамкориҳо, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, муаррифӣ ва истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба густариши ҳамкориҳои байни сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд дар самти рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ мусоидат хоҳад намуд.

Суратгузориш аз рафти семинар-машварати омӯзишӣ.

Галереяи аксҳо

Thumbnail 1
Thumbnail 2
Thumbnail 3
Thumbnail 4
Thumbnail 5
Thumbnail 6
Thumbnail 7
Thumbnail 8
Thumbnail 9
Thumbnail 10
Thumbnail 11
Thumbnail 12
Thumbnail 13
Thumbnail 14
Thumbnail 15
Thumbnail 16
Thumbnail 17
Thumbnail 18