Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"
Ҳамаи хабарҳо
News

Таъминоти техникӣ барои рақамикунонии кишоварзӣ

2026-04-22

Рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ. Таъмини заминаҳои техникӣ яке аз омилҳои асосии рушд.

Санаи 22 апрели соли 2026 дар бинои КВД "Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ" бо иштироки муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Н. дар доираи лоиҳаи "Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ", ҳамзамон ҷиҳати татбиқи солҳои 2025-2030 "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" ва замина гузоштан дар рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ ба раёсатҳо, шуъбаву бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 30 адад ноутбук, 31 адад компютер  ва дигар таҷҳизотҳои зарурӣ супорида шуд.

Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии ҳамешагӣ ва таваҷҷӯҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи кишоварзии мамлакат рушди устувор дошта, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ таъмин гардида истодааст. 

Дар фарҷом зикр гардид, ки чунин иқдомҳо метавонанд барои рушди босуботи соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам оваранд.

             Суратгузориш аз рафти тақдими таҷҳизотҳои муосир.

Галереяи аксҳо

Thumbnail 1
Thumbnail 2
Thumbnail 3
Thumbnail 4
Thumbnail 5
Thumbnail 6
Thumbnail 7
Thumbnail 8