Муаррифии Системаи идоракунии иттилоотии кишоварзӣ (АМИС) дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2026-06-18
Санаи 18 июни соли 2026 дар бинои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар ва ҷаласаи дахлдор оид ба муаррифии системаи идоракунии иттилоотии кишоварзӣ (АМИС), ки дар доираи амалисозии зеркомпоненти 3.1. Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”, ки таҳияи системаи мазкур аз ҷониби ширкати Basarsoft & Noda дар доираи қарордод оғоз гардидааст, бо иштироки намояндагони масъули Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ” ва ширкати “Basarsoft & Noda” доир гардид.
Дар рафти мизи мудаввар консепсия, вазифаҳо ва функсияҳои асосии системаи идоракунии иттилоотии кишоварзӣ (АМИС) тавассути рӯнамо муаррифӣ карда шуданд. Ин платформаи муосири рақамӣ барои автоматикунонии соҳа, нигоҳдории мутамаркази маълумотҳо, системасозии иттилоот ва мубодилаи фаврии маълумоти муосир хизмат хоҳад кард. Масъалаи мазкур дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъсиси заминаи ягонаи технологӣ муҳим арзёбӣ шуда, ҳамоҳангсозии фаъолиятро ҷиҳати суръатбахшии ба рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ ва анҷом додани иқдомҳои минбаъдаи соҳавӣ талаб менамояд.
Татбиқи АМИС ба кишоварзон ва мутахассисон дастрасии осонро ба инноватсияҳо, дастовардҳои илмӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи оқилонаи зеҳни сунъӣ, пешгӯии ҳосилнокӣ, таъмин намуда, барои баланд бардоштани устувории соҳа ва рушди устувори илми кишоварзӣ дар Тоҷикистон заминаи мустаҳкам мегузорад.
Суратгузориш аз рафти мизи мудаввар.